Қазоқистон содироти бархе маҳсулотро манъ мекунад

Яке аз бозорҳои шаҳри Алмато, 20 март, 2020.

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки то 15-уми апрел содироти бархе аз маҳсулоти дорои "аҳамияти иҷтимоӣ"-ро ба хориҷ манъ кунанд.

Бахит Султонов, вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон гуфт, манъи содирот ба гречка, орд, шакар, картошка, сабзӣ, шалғам, пиёз, карам, офтобпараст ва равғани офтобпараст дахл хоҳад кард.

Вай гуфт, ба далели таъмини комили сокинон бо ин навъ маҳсулот, содироти онро манъ мекунанд. Бахит Султонов ҳамчунин гуфт, ки назорати давлатии нархи маҳсулот ҷорӣ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон ба далели вируси корона вазъи изтирорӣ амал мекунад ва ду шаҳри бузурги он кишвар - Нурсултон ва Алмато - баста шудаанд. Сокинони Қазоқистон аз минтақаҳои гуногуни он кишвар аз камбуди маҳсулот дар мағозаҳо шикоят доранд.

То санаи 24-уми март дар Қазоқистон 72 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.