Беш аз 2,6 миллиард нафар дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба иллати коронавирус дар маҳдудият ба сар мебаранд.
Шоми 24-уми март барои 1,3 миллиард аҳолии Ҳиндустон ҳам чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ шуд.
Табибони Фаронса ба ҳукумат пешниҳод доранд, карантинро, ки 17 марти соли равон эълом шуда буд, то шаш ҳафта дароз кунад.
Куба низ аз рӯзи сешанбе ба карантин гирифтани сайёҳони хориҷиро ба иллати коронавирус оғоз намуд.
Мақомоти Чин чораҳои маҳдудкунандаро дар вилояти Ҳубей коҳиш дода, ба шаҳрвандони сиҳат иҷозат доданд, аз вилоят берун раванд.
То шоми 24-уми март дар саросари ҷаҳон беш аз 417 000 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шуда, ҷамъан 18 600 одам аз он ҷон бохтаанд. Беш аз 108 000 сиҳат шуданд.
Аз ҳама бештар Итолиё талафоти ҷонӣ дида, аз 69176 нафари мубтало ба коронавирус 6820 танашон ҷон бохтаанд.
Дар қитъаи Чин 81171 нафар ба коронавирус мубтало шуда, аз ин миён 3277 кас ҷон бохтаанд.
Дар Испониё наздики 40 ҳазор одам ба коронавирус гирифтор шуда, 2700 кас ба ҳалокат расидаанд. Дар Эрон аз 24811 нафари мубтало ба вирус 1934 кас ҷон бохта, дар Фаронса аз 22300 бемор 1100 нафар ҳалок шудаанд.