Дар Чехия дувумин бемори коронавирус ба ҳалокат расид

Истеҳсоли ниқобҳо бо принтерзои 3Д

Вазири тандурустии Чехия Адам Войтех гуфт дар ин кишвар нафари дувум марди 40-сола аз коронавирус ба ҳалокат расидааст. Ӯ дар бемористоне дар Моравияи шарқӣ ҷон додааст.

Войтех рӯзи 24 март дар Твиттераш навишт, ки бемор дар натиҷаи “кор накардани чандин узваш” мурдааст ва инчунин бемории саратон доштааст. "Коронавирус ҳолати ӯро бадтар кард" - навиштааст Войтех.

Ин марг як рӯз пас аз он рӯй дод, ки Вазорати корҳои дохилии Чехия маҳдудияти равуоро то 1 апрел дароз кард. Аз рӯи қоидаҳои нав, ҳамчунин соати вуруди солмандон ба фурушгоҳҳои хӯрокворӣ барои мағозаҳои аз 500 метри мураббаъ камтар тағйир меёбад. Даромадан ба онҳо озод аст, аммо дар фурушгоҳҳои калонтар солмандон танҳо аз соати 8 то 10-и саҳар харид карда метавонанд . То аввали 24 март, хабар дода шуд, ки дар ҷумҳурии Чех 1.289 ҳолати тасдиқшудаи коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз 19 март сар карда, дар саросари кишвар дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшондани даҳон ва бинӣ бо ниқоб, рӯймолҳо ё дигар воситаҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ шудааст .