Дар пасманзари Ковид-19 қарзҳои бонкӣ дар Русия афзуда, қурби рубл коҳиш меёбад

20 март, саррофхонае дар Маскав

Пойгоҳи иттилооти иқтисодии РБК дар Русия мегӯяд, тарс аз болоравии нархҳову қарзҳои бонкӣ боиси афзоиши муроҷиатҳо ба бонкҳо барои дарёфти қарз шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар марҳилаҳои мухталифи бӯҳронҳои иқтисодӣ ва тарс аз болоравии нархҳо дар Русия мардум одат доранд аз паи захира кардани ғизову мол, ҳамчунин хариди мошину хона шаванд.

Арзиши рубли русӣ дар давоми як моҳи охир бо сабаби коҳиши нархи нафт то ҳол тақрибан 20 дарсади арзишашро аз даст додааст. Сабаби ин дар ихтилофи Маскав ва Риёз бар сари нархи нафт аст. Рубли заъиф боиси болоравии қиматҳо мешавад.

Ирина Носова, раиси оҷонсии таҳлилии АКРА ба РБК гуфтааст, ки уфти рубл мардумро барои хариди бештар такон медиҳад, чун мардум ҳарос доранд, ки нархҳо аз ин ҳам болотар мешаванд.

Носова гуфт, ки дар охири соли 2014 ва оғози соли 2015, вақте нархи нафт шадидан поин омаду рубл беқурб шуд, шаҳрвандон дар айни ҳолати таҳлука аз тарси аз даст додани фурсат аз паи харид шуданд. Ҳоло дар ҷомеаи Русия тарс аз таъсири манфии коронавирус шиддат мегирад.

Уфти рубл дар Тоҷикистон ҳам таъсиргузор мешавад

Дар пасманзари уфти қурби рубли русӣ нисбат ба доллар рубл арзиши худро дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон ҳам аз даст медиҳад. Санаи 23-уми март Бонки миллӣ қурберо муайян кард ки мувофиқи он 1000 рубл 126 сомонӣ арзиш дорад. Ҳол он ки дар оғози моҳи март 1000 рубл 143 сомонӣ арзиш дошт.

Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҳам имрӯз баъд аз таътилҳои наврӯзӣ дари нуқтаҳои худро боз карданд ва 1000 рублро 127-сомонӣ мехаранд ва 129-130 сомонӣ мефурӯшанд.