Ҳукуматҳои кишварҳои соҳили Балкан ва дар ҷанубушарқи Аврупо барои монеъ шудан ба густариши коронавирус тадбирҳои иловагӣ меандешанд. Ҳукумати Македонияи шимолӣ аз рӯзи 22-уми март дар кишвар аз соати 9 шом то 6 субҳ қуюди шабгардӣ эълон кард.
Сербистон соатҳои қуюди шабгардиро се соат тамдид кард ва акнун мардум ҳақ надоранд, аз соати 5 шом то 5 субҳ аз хона берун оянд. Дар Руминия ба мардум амр доданд, ки аз соати 10 шаб то 6 субҳ дар хона бимонанд ва берун наоянд.
Кишварҳо дар саросари ҷаҳон тадбирҳои фавқуллодае барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории Ковид-19 меандешанд. Бисёре қуюди шабгардӣ эълон карданд, шаҳрҳои бузург дарҳои худро барои равуо бастаанд. Таҳқиқи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико нишон додааст, ки беморӣ дар саросари ҷаҳон ба 300 ҳазор нафар сироят карда ва аз ин миён тақрибан 13 ҳазор нафар фавтидаанд.