Табибон ва ҳамшираҳо аз Қазоқистону Узбекистон низ ба флешмоби ҷаҳонии кормандони соҳаи тиб пайвастанд. Онҳо аз сокинон даъват мекунанд, ки ба хотири пешгирии паҳни коронавирус аз хонаҳои худ берун нараванд.
Дар Узбекистон, ки то ҳол мубталошавии 23 кас ба коронавирус ошкор шудааст, флешмобро Вазорати тандурустии ин кишвар ба роҳ мондааст.
Иқдоми мазкурро чанд рӯз пеш як табиби малайзӣ Ҷӣ Тик Шенг роҳандозӣ кард. Ӯ акси худро бо даъват барои набаромадан аз хона дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр намуд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 50 ҳазор табиб аз саросари дунё, аз Австралия то Бразилия ба он пайвастаанд.
Табибон бо забони англисӣ ва модарии худ дар коғаз менависанд, "I stayed at work for you. You stay at home for us" ("Ман барои ту дар кор мондам ва ту низ барои мо дар хона бимон").
То 19-уми марти соли равон дар саросари дунё беш аз 219 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда, наздики 9 ҳазор нафари онҳо ҷон додаанд.