Имсол дар мактабҳои Хуҷанд иди Наврӯзро таҷлил намекунанд?

Ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд. Соли 2018

Масъулони Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд таҷлил аз ҷашни Наврӯзро дар мактабҳои миёнаи маркази вилояти Суғд манъ кардаанд.

Тибқи анъана, ҳар сол дар мактабҳои Хуҷанд иди Наврӯзро бо баргузории маҳфил ва ҳунарнамоиҳо ҷашн мегирифтанд. Қарор буд имсол маҳфилҳои наврӯзӣ 20-уми март дар 40 мактаби Хуҷанд доир шавад.

Ин тасмимро чанд муаллим ва хонандагони мактабҳои Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, мудирони мактабҳо ба хонандагон сабаби онро "ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари коронавирус" номидаанд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи Хуҷанд, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, субҳи 19-уми март онҳоро огоҳ кардаанд, таҷлили Наврӯз дар асоси дастури мудири маорифи Хуҷанд сурат намегирад. Дар он дастур аз он ҷумла ҷиҳати пешгирӣ аз вируси нав "маҳдуд кардани чорабиниҳои оммавӣ" дар муасисаҳои таълимӣ таъкид шудааст.

Ба гуфтаи ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, ин дастури хаттии мудири маорифи Хуҷанд охири моҳи феврал содир шуда, вале нав онро ба муаллимони қаториву хонандагони мактабҳо "синф ба синф нишон додаанд".

"Ташаббускори ҷашнгирии Наврӯз дар мактабамон чун ҳарсола хонандагони синфҳои 11 буданд. Онҳо қариб як моҳ тайёрӣ дида, омодагиҳо ба ҳунарнамоиву оростани хони наврӯзиро ба охир расонида буданд. Барои ҳамин ин эълонро хуш қабул накарданд", - гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, ин бори аввал аст, ки дар мактабҳои миёнаи Хуҷанд дар бораи хатари вируси нав ва чораҳои пешгирӣ аз он, аз ҷумла доир накардани маҳфилҳо суҳбат кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомот гурӯҳҳои бузурги хонандагони мактабҳои Суғдро ба "маршировка"-и наврӯзӣ ҷалб кардаанд. Он ҳар рӯз дар варзишгоҳи марказии Хуҷанд доир мешавад. Қарор аст, ҷашни асосии Наврӯз шоми 22-юми март дар Хуҷанд баргузор шавад. Дар он беш аз 10 ҳазор хонандаву донишҷӯ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.