Гулнора Каримова 13 солу 4 моҳ зиндонӣ шуд

Гулнора Каримова

Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 18-уми март муҳокимаи парвандаи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро ба поён расонд ва ба 13 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои расмӣ, Гулнора Каримова ба тамаъҷӯӣ, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қонунисозии даромадҳои ғайриқонунӣ гунаҳкор шудааст.

Мақомоти додгоҳ гуфтанд. муҳлати зиндони Каримова аз 21-уми августи соли 2015 ҳисоб карда мешавад.

Рӯзи 18-уми март додгоҳ ҳамзамон чанд тан аз шарикони Гулнора Каримоваро зиндонӣ кард. Ба ин тартиб, Н.Содиқов 20 сол, О.Свиридов 17 солу 3 моҳ, А.Эргашев 18 солу 1 моҳ, Ш.Собиров 17 солу 1 моҳ ва Г. Авакян 5 солу 3 моҳ зиндонӣ шуданд.