Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбеи 17-уми март ба созиш расиданд, ки вуруди шаҳрвандони давлати севумро ба минтақаи Шенген ба муҳлати 30 рӯз манъ кунанд. Ин пешниҳодро Комиссияи Аврупо ироа карда буд.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, кишвараш аз ҳоло ба иҷрои ин маҳдудият пардохтааст ва ба шаҳрвандони кишварҳои ғайрииттиҳод иҷозаи убур аз марзҳои худро намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин қарор ба шаҳрвандони Бритониё низ, ки аз ИА бурун рафт, дахл хоҳад дошт.
Пештар президенти Фаронса Эммануэл Макрон хабар дода буд, ки вуруд ба минтақаи Шенген манъ карда мешавад.
Ба минтақаи Шенген кишварҳои ИА шомил мешаванд, ки миёни онҳо равуо озод буда, гузаргоҳҳои марзӣ вуҷуд надорад. Вале ҳоло як қатор кишварҳои ин минтақа марзҳои худро ҳатто барои шаҳрвандони давлатҳои ИА низ бастаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълом кард, ки Аврупо дар баробари Чин ба макони сирояти коронавирус табдил ёфтааст. Дар кишварҳои ИА даҳҳо ҳазор одам, аз ҷумла дар Итолиё беш аз 30 ҳазор, дар Испониё беш аз 10 ҳазор ва дар Олмону Фаронса низ чандин ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Вируси нав аллакай ба ҳамаи кишварҳои Аврупо роҳ ёфтааст.
Меркел гуфт, ҳоло кишварҳои ИА дар робита ба сайёҳони хориҷие, ки дар минтақаи Шенген қарор доранд, сиёсати ягонаеро коркард доранд, то барои баргаштани онҳо мусоидат намоянд.