Журналисти рус Светлана Прокопйева расман дар “тавҷеҳи терроризм” гумонбар дониста шуд. Ин қазия мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқ ва нозирони озодии баён шуд.
Прокопйева як хабарнигори фрилансери Бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст. Ӯ гуфт, ки рӯзи 16 март дар додситонии шаҳри Псков ба дасташ санади расмӣ дар бораи иттиҳоми зидди ӯ дода шуд.
Худи Прокопйева, ки иттиҳомотро қабул надорад, ин қазияро ҳамчун талоши “куштани озодии баён” дар Русия рад кардааст.
Дар сурати гунаҳгор эълон шуданаш, ба журналист то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Пезиденти РАО/РО Ҷейми Флай хулосаҳои додситониро дар нисбати Прокопйева маҳкум кард ва гуфт, ки “иттиҳомот беасос буда” як талоши “хомӯш кардани садои журналисти мустақил” мебошад. Флай гуфт, “журналистони мустақил дар Русия бояд барои нақши муҳимашон дар таъмини мардум бо хабарҳои муҳим ва иттилоот дар бораи масоиле, ки дар рӯбарӯи онҳо қарор дорад, мавриди эҳтиром бошанд ва бо онҳо набояд барои иҷрои вазифаҳои касбиашон мисли ҷинояткор бархӯрд шавад”.
Прокопйева барои назаре ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ки моҳи ноябри соли 2018 барои “Эхо Москвы” дар заминаи хабари бомбгузорӣ шудани дафтари Хадамоти федеролии амният (ХФА) дар Архангелск ҳафтае аз он пеш баён карда буд. Матбуоти русӣ гузориш дод, ки навраси бомбгузори гумонбар, ки дар ин ҳодиса даргузашт, ХФА-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои сохтакории парвандаҳои ҷиноӣ гунаҳгор кард. Прокопйева шарҳи писарбачаи наврасро ба фазои сиёсии Русия дар аҳди президент Владимир Путин рабт дод ва ишора кард, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар маҳдуд шуда мардумро дар ҳолати ноумедӣ қарор медиҳад.
Прокопйева пойфишорӣ дорад, ки ба ҳеҷ сурат терроризмро тавҷеҳ накардааст.