Дар Украина як занро додситони кул таъин карданд

Номзадии Ирина Венедиктоваро президент Владимир Зеленский пешбарӣ кардааст

Қонунгузорони украинӣ номзадии Ирина Венедиктоваро ба мақоми додситони кулли Украина тасдиқ карданд ва ӯ нахустин зан аст, ки дар Украина дар ин мақом кор хоҳад кард.

Рӯзи 17 март Верховная Рада – парлумони Украина номзадии Венедиктоваро, ки аз ҷониби президент Владимир Зеленский пешбарӣ шудааст, дастгирӣ кард. Венедиктова собиқ узви парлумон ва иҷрокунандаи раиси Бюрои давлатии тафтишот ваъда дод, ки дар додситонии кулл ислоҳот барпо мекунад. Ӯ 41 сол дошта узви ҳизби “Хидматгори халқ”-и президент Зеленский мебошад. Соли 2019 ба узвияти Рада шомил шуд.

Венедиктова гуфтааст, ки бо додситони собиқ Руслан Рябошапка дар масъалаи таҳқиқи қазияи президенти собиқ ва рақиби Зеленский – Петро Порошенко вориди ихтилоф шудааст.