Дар ҳоле, ки додгоҳи конститутсионии Русия бо қабули тағйирот ба конститутсия мувофиқат кардаву қарор аст рӯзи 22 апрел ҳамапурсӣ барпо шавад, садҳо донишмандону журналистон ва ҳуқуқшиносон дар Русия дар номае аз “бӯҳрони конститутсионӣ” ва “кудатои зиддиконститутсионӣ” ҳушдор додаанд. Номае, ки зери он 420 нафар имзо гузоштааст, шоми 16 март дар вебсайти радиои “Эхо Москвы” нашр шуд. Дар баробари дигар тағйирот, тарҳи нав то соли 2036 дар сари қудрат мондани президент Владимир Путинро иҷоза медиҳад. То кунун бо тағйироти конститутсионӣ Думаи давлатӣ, Шӯрои Федератсия, маҷлисҳои минтақавӣ дар саросари Русия ва худи Путин мувофиқат кардаанд. Дар номаи рӯшанфикрон се нуктаи муҳиме зикр шудааст, ки мухолифати онҳоро ба тағйири конститутсия баён мекунад. Дар нома омадааст, ки тағйирот мӯҳлатҳои раёсатҷумҳурии гузаштаи Путинро ба ҳеҷ баробар карда ба ӯ имкони шурӯи карйераи нави президентиро фароҳат мекунад. Ин, ба андешаи рӯшанфикрон, “дар бунёди худ ғайриқонунӣ ва аз назари сиёсиву ахлоқӣ ғайриқобили қабул аст”.
Дар идома муаллифон таъкид кардаанд, ки тағйироти дигар бо сохтори федеролии Русия, ки дар конститутсия закр шудааст, дар ихтилоф аст. Дар ниҳоят рӯшанфикрони рус худи ҷараёни тағйири конститутсиониро хилоф бо меъёрҳову қонунҳо арзёбӣ кардаанд.
Муаллифон навиштаанд, ки вазъи баамаломада “рушди эволютсионии кишвар бар асоси принсипҳои демократиро поймол карда хатари ба як фоҷеаи нави миллӣ табдил шудани вазъ” вуҷуд дорад.
Моҳи январ “Новая газета” бо нашри “манифест”-е “нигаҳдошти Владимир Путин ва режими фасодхори ӯ дар қудратро тамоми умр” як “кудато” унвон кард. Зери ин санад, ки шаҳрвандонро даъват мекунад мухолифи тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд, 22 ҳазор нафар имзо гузоштаанд.