Мақомоти Афғонистон гуфтанд, масъалаи озод кардани якуним ҳазор ҷангҷӯи зиндонии Толибонро, ки қарор буд рӯзи 14-уми март сурат гирад, ба таъхир гузоштанд. Ҷунбиши Толибон ҳанӯз вокуниш накардааст.
Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 14-уми март гуфт, мақомот барои озод кардани ҷангҷӯён ба вақти бештар ниёз доранд.
Вай афзуд: "Мо рӯйхати зиндониёнеро, ки бояд озод шаванд, гирифтем. Рӯйхатро бояд баррасӣ ва тасдиқ кунем. Ин вақт мехоҳад."
Файсал илова кард, мақомоти Афғонистон ҳамчунин кафолати онро мехоҳанд, ки ҷангҷӯён баъди раҳоӣ аз зиндон дубора ба саҳнаи ҷанг барнагарданд.
Толибон тибқи созишномаи сулҳ барои оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ хостори раҳоии 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳ шудааст. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, дар иваз ҳазор зиндонии шомили нирӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғонро раҳо мекунад.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 11-и март гуфт, барои шурӯи музокироти байнулафғонӣ рӯзи 14-уми март якуним ҳазор ҷангҷӯи Толибонро аз зиндон озод мекунад. Он вақт Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфта буд, аз ин сана ба баъд ҳар рӯз 100 зиндонӣ бо дарназардошти умр, вазъи саломатӣ ва мӯҳлати боқимондаи адои ҷазо, раҳо мешаванд. Аммо ин раванд ҳоло ба таъхир уфтодааст ва маълум нест, кай шуруъ мешавад.