Теъдоди онҳое, ки то ин дам дар Эрон бар асари коронавирус фавтидаанд, ба 724 нафар расид. Шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба тақрибан 14 ҳазор нафар баробар аст.
Масъулони мубориза бо ин беморӣ ҳушдор медиҳанд, ки муассисаҳои тандурустии Эрон шояд дар ояндаи наздик гунҷоиши беморони бештарро надошта бошанд.
ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, рӯзи 15-уми март аз қавли Алиризо Золӣ, раиси ситоди муқобила бо коронавирус дар Теҳрон навишт: "Агар раванди кунунӣ идома ёбад, мо зарфияти кофӣ нахоҳем дошт."
Бино ба гузоришҳо, шифохонаҳои ин кишвар 110 ҳазор ҷойи хоб доранд.
Бонки марказии Эрон рӯзи 12-уми март гуфт, ки аз Сандуқи Байналмилалии Пул хостанд, барои муқобила бо вирус 5 миллиард доллар қарз диҳад.