Бар асари таркиши кислород дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе як нафар ҷон бохта, се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса 14-уми март дар ширкати “Давр-2015”, ки ба муҷаҳҳаз сохтани хонаҳо бо дастгоҳҳои электронии муосир машғул аст, рӯй дод. Ба иттилои мақомот ҳодиса ҳангоми таъмир ва буридани оҳан ба вуқуъ пайваст. Дар ин ҳодиса Шаҳбоз Раҳимови 24-сола аз шаҳри Турсунзода ҷон бохтааст. Се нафари дигарро ба бемористон бурдаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.