Дар Қазоқистон шумораи гирифторон ба COVID-19 ба 8 нафар расид

Элжан Биртанов

Вазири тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки 15-уми март гирифтории боз ду нафари дигар ба коронавирус тасдиқ шудааст. Элжан Биртанов рӯзи якшанбе гуфт, ба ин тартиб шумораи умумии гирифторон ба вируси нав дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба 8 нафар расид. Панҷ нафари онҳо дар шаҳри Алмато ва дуи дигар дар Нурсултон ҳастанд, аммо мақомот дар бораи дар куҷо будани як нафари дигар маълумот надодаанд.