Юсуф Раҳмон: 29 саркардаи гурӯҳҳои экстремистӣ дар зиндон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор ҷинояти марбут ба терроризму экстремизм ба қайд гирифта шуд, ки наздики 300 маврид бештар назар ба соле аз он пеш аст. Дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо оҷонсии расмии “Ховар” додситони кули Тоҷикистон гуфт, соли 2019 дар Тоҷикистон “1029 ҷинояти хусусияти террористию экстремистидоштаро ошкор ва ба қайд” гирифтаанд ва “нисбат ба 395 нафар барои шомил шудан ба ташкилоти фаромиллии террористӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин нисбати 214 нафар пайравони фаъоли равияи экстремистии «Салафия» парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд”. Юсуф Раҳмон инчунин гуфтааст, ки ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳам ошкор шуда, дар паи тафтиши пешакӣ “29 нафар саркардагон ва аъзоёни фаъоли иттиҳоди ҷиноятии мазкур” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Додситони кулли Тоҷикистон бештар аз ин шарҳ надодааст ва ҳам маълум нест, ки то куҷо манзураш аз ошкоршавии ҷиноятҳо ошӯбҳои хунини зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат дар якуним соли гузаштаро дар назар мегирад. Мақомот масъулияти ошӯбҳои зиндониҳоро дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019, ки даҳҳо зиндониву корманди зиндонро кушта бар ҷой гузошт, ба дӯши маҳкумшудаҳои узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ифротгароҳо вогузор карданд. Дар паи мурофиаҳои додгоҳии пӯшида аз чашму ҳузури матбуот ва наздикони зиндониҳо, даҳҳо нафар ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд. Маълум нест, ки то куҷо ин мурофиаҳо одилона ва бо ҳузури вакилони дифоъ гузаштааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз мақомоти тоҷик пайваста даъват мекунанд, ки дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ мурооти ҳуқуқи инсон ва ҳақи гумонбарон ба адолати додгоҳиро фаромӯш накунанд.