Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, аз 1 феврал то 14 март дар ин кишвар 1603 нафар дар робита бо таҳдиди коронавирус бо карантин фаро гирифта шуданд ва аз инҳо 1280 нафарашон ба хонаҳояшон баргаштанд. Дар хабари вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз 14 март гуфта мешавад, ки дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин онҳое, ки аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон баТоҷикистон омаданд, бо карантин фаро гирифта шудаанд. 323 нафарашон ҳамоно дар беморхонаҳои сироятӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва ба таъкиди мақомот, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. “Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд”, мегӯяд вазорат.
Ин дар ҳолест, ки Қазоқистон - нахустин кишваре дар Осиёи Марказӣ расман хабар дод, ки аввалин мавридҳои гирифторӣ ба коронавирусро ба қайд гирифтаанд. Шумори беморон рӯзи 14 март ба 6 нафар баробар шуд. Намояндаи вазорати беҳдошти Қазоқистон Диас Ахметшарип гуфт, ки соҳибкори соли таваллудаш 1958 рӯзи 10 март аз Маскав омад ва чор рӯз баъд вуҷуди вирус дар бадани ӯ тасдиқ шуд. Дирӯз мақомот гуфтанд, ки дар ҷисми ду шаҳрванде, ки аз Олмон расиданд, коронавирус ошкор шуд. Як зан аз Полша бо ин вирус баргаштааст, гуфтанд мақомот. Ҳамаи олудашудаҳо дар беморхонаи амрози сироятӣ таҳти назари табибон қарор доранд.