Пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ ба узвияти Маҷлиси Миллӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои узвият дар Маҷлиси Миллӣ -- палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, пешниҳод шудааст. Абдулмаҷид Усмонзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номзадии Рустами Эмомалӣ рӯзи 13-уми март дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, пешниҳод шуд.

Ба гуфтаи оқои Усмонзода, ҳамаи вакилони аз номзадии Рустами Эмомалӣ ҷонибдорӣ карданд. Тибқи қонун, аз шаҳри Душанбе як нафар барои увзият дар Маҷлиси Миллӣ пешниҳод мешавад. Интихоботи аъзои нави Маҷлиси Миллӣ рӯзи 27-уми март баргузор мешавад.

Рустами Эмомалӣ аз апрели соли 2017 ба ин тараф вакили маҷлиси шаҳрӣ мебошад. Ӯ дар моҳи январи соли 2017 ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд. Аз як мансаб ба мансаби баландтар таъйин шудани Рустами Эмомалӣ интиқодҳоеро ба бор овардааст, ки то куҷо ин таъйинот шоистасолорона ва дур аз хешутаборбозист.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар соли 2012 ба ҷои генерал Сӯҳроб Қосимов раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд ва то ба ҳол дар ин мақом кор мекунад.

Дар ҳоли ҳозир Озода Раҳмон, фарзанди дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон узви Маҷлиси Миллист. Хадамоти давлатии Тоҷикистон ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух додааст, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

Бархе аз нозирони вазъ Рустами Эмомалиро яке аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон медонанд. Интихобот тирамоҳи имсол баргузор хоҳад шуд. Вале на худи ӯ ва на падараш дар бораи иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд. Аммо расонаҳо борҳо гуфтаанд, ки тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ширкати Рустами Эмомалӣ дар интихобот сурат гирифтааст.