Қазоқистон мактаббачаҳоро дар таърихи 16 март то 5 апрел ба таътили пеш аз мӯҳлат мефиристад. Дар ин бора рӯзи 12 март муовини нахуствазир Ералӣ Тугжанов хабар дод. Дар пасманзари изҳороти дирӯзаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки вируси коронаро “бемории фарогири ҷаҳонӣ” номид, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ҳукумати Қазоқистон аз паи татбиқи тадбирҳои вижаи ҷилавгирикунанда мешавад. Тоқаев дар твиттераш навишт, ки ҳама маъракаҳои ҷамъиятӣ бекор карда мешавад. Тугжанов дар нишасти хабарие дар шаҳри Нурсултон гуфт, аз 13 март баргузории конфронсу семинар ва дигар ҳамоишҳои серҷамъияти фарҳангию варзишӣ манъ мешавад.
Мақомоти ҷумҳурии 18-миллионнафара мегӯянд, ки ин ҷо ҳеҷ ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.