Конгресс иқдомҳои ҳарбии Трампро нисбати Эрон маҳдуд кард

Доналд Трамп

Дар як овоздиҳии ниҳоӣ Конгресси Амрико ба маҳдуд кардани иқдомҳои низомии президент Доналд Трамп дар нисбати Эрон овоз дод. Бовар меравад худи Трамп ин қарорро вето кунад. Дар овоздиҳии рӯзи 11 март 227 узви Маҷлиси намояндагон ба тарафдорӣ ва 186 нафар мухолифи қабули ба истилоҳ қонуни “қудратҳои ҷангӣ” раъй доданд. Ба қабули ин қатънома инчунин шаш ҷумҳурихоҳ ҳамроҳ шуд.

Тасмими мазкур ҳама гуна амалҳои ҳарбӣ бар зидди Эронро бидуни овоздиҳӣ дар Конгресс манъ мекунад. Ин қонун ҳамзамон дар сурати вуҷуди таҳдиди бевосита аз Эрон президенти амалкунанда ва ояндаро аз иқдоми низомӣ бознамедорад. Трамп дар гузашта гуфтааст, ки қонунро вето мекунад.
Трамп аз замони сари қудрат омаданаш дар соли 2017 аз шеваи шадид нисбати Эрон кор гирифт ва аз созиши соли 2015-и қудратҳои ҳастаӣ бо Эрон берун шуд ва таҳримҳои зиеде нисбати Теҳрон ҷорӣ кард.