Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетоев аз посухи мустақим ба суол дар бораи ҳабси дороии Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар Бритониё, худдорӣ кард.
Бекетоев рӯзи11-уми март ба рӯзноманигорон гуфт, дар ин замина санадҳоеро дар даст надорад. Вале аз посух ба суол дар бораи он, ки вазорати зери раҳбарии ӯ ба муайян кардани сарчашмаҳои ин дороиҳо алоқаманд ҳаст, ё не, худдорӣ намуд.
Расонаҳои Бритониё 10-уми март, пас аз мурофиае дар Додгоҳи олии Лондон навиштанд, ки молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар Дариға Назарбоева ва писараш Нуралӣ Алиев ҳастанд. Таҳқиқотгарон гуфтанд, ки дар яке аз ин қасрҳо Нуралӣ Алиев зиндагӣ мекунад.
Оҷонси миллии Бритониён дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзилҳои мазкурро дар доираи пажуҳиши махсус ба ҳабс гирифтааст. Мақомоти Бритониё таҳқиқ нисбати манзилҳои марбут ба Назарбоевҳоро дар доираи парвандаи мубориза бо дороиҳои "номашруъ" шуруъ кардаанд.
Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳо аз соҳибони манзил талаб дорад, бо кадом маблағ харидани онҳоро ошкор кунанд. Агар мақомот шарҳи моликонро қонеъкунанда арзёбӣ накунад, дар он сурат тафтишот метавонад, аз додгоҳ дархости мусодираи амволро намоянд.
Нуралӣ Алиев - набераи Нурсултон Назарбоев ва писари калонии Дариға Назарбоева аст. Дариға Назарбоева аз издивоҷ бо Роҳат Алиев се фарзанд - ду писар ва як духтар таваллуд кардааст. Алиев аз соли 2014 то 2016 муовини раиси пойтахти Қазоқистон буд.
Падари Нуралӣ - Роҳат Алиев, сафири Қазоқистон дар Австрия, соли 2015 дар зиндони Австрия, ба гуфтаи тафтишот, худкушӣ кардааст. Чанд сол пеш аз маргаш вай ба мухолифи давлати Қазоқистон табдил шуд ва никоҳаш бо Дариғаро бекор кард.