Бонки миллии Қирғизистон гуфт, қурби сом дигар поин намеравад

Раиси Бонки миллии Қирғизистон (БМҚ) Толкун Абдигулов 11-уми март дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон беқурбшавии пули сомро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ин ба вазъ дар кишварҳои ҳампаймони Қирғизистон рабт дорад. Ба гуфтаи Абдигулов, мудохилаи дурӯзаи ниҳоди зери раҳбарии ӯ вазъ дар бозори асъори Қирғизистонро муътадил гардонд.

"Дирӯз ҳангома бархост ва бонк ба бозори асъор мудохила кард. Имрӯз ягон мушкил вуҷуд надорад. Доллар, евро ва асъори дигари хориҷӣ ба андозаи кофӣ ҳаст ва ҳеч гуна маҳдудияте ҳам нест. Як чиро бояд донист, ки бархеҳо аз ин гуна ҳолатҳо сӯистифода мекунанд. Ин тиҷорат аст, қурбро ба бозӣ меандозанд, то даромад ба даст оранд, вале ҳоло вазъ муътадил аст",-изҳор дошт раиси Бонки миллии Қирғизистон.

Толкун Абдигулов афзуд, ки барои поинтар рафтани арзиши сом ҳеҷ омилеро намебинад ва иқтисоди ин кишвар низ рушд мекунад. Баъзе аз тағйироти сохторие, ки ба иллати коронавирус ба миён омадаанд, гӯё таъсири кутоҳмуддат доранд.

Дар Қирғизистон 10-уми март қурби доллари амрикоӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои вебсайтҳои бонкҳои Қирғизистон, арзиши доллар тақрибан се сом ё 4 дарсад гарон шудааст. Дар сомонаи DemirBank арзиши доллар – 72,85 сом навишта шудааст. Ин дар ҳолест, ки он як рӯз пеш 69,95 сом буд.

Арзиши соми қирғизӣ дар пайи беқурбшавии рубли русӣ ва тангаи қазоқӣ - пули ҳампаймонони Қирғизистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё поин рафт.

Уфти нафту тило дар ҳоле сурат мегирад, ки гуруҳи ОПЕК+ (Русияву Қазоқистон ҳам шомили он ҳастанд), ҳафтаи гузашта дар Вена натавонистанд, ки дар мавриди коҳиши истихроҷи нафт, бо ҳадафи нигаҳ доштани арзиши он, ба созиш расад.