Дар Қирғизистон 10-уми март қурби доллари амрикоӣ якбора боло рафт. Бино ба сомонаи бонкҳои Қирғизистон, арзиши доллар тақрибан се сом ё 4 дарсад гарон шудааст. Дар сомонаи DemirBank арзиши доллар – 72,85 сом навишта шудааст. Ин дар ҳолест, ки он як рӯз пеш 69,95 сом буд.
Арзиши соми қирғизӣ дар пайи беқурбшавии рубли русӣ ва тангаи қазоқӣ - пули ҳампаймонони Қирғизистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё поин рафт.
Хадамоти матбуотии Бонки миллии Қирғизистон гуфт, ин ниҳод 10-уми март бо мақсади муътадил нигаҳ доштани бозори дохилии асъор 53,7 миллион долларро ба фурӯш баровардааст. Бонки миллии Қирғизистон мегӯяд, ба андозаи кофӣ асъори хориҷиро захира кардааст.
Ёдрас мешавем, 9-уми март қурби доллар дар Қазоқистон 12 танга боло рафта, ҳоло 1 доллари амрикоӣ 394 танга хариду фурӯш мешавад. Рубли русӣ ҳам рӯзи душанбе ба пойинтарин сатҳи чаҳор соли охир расид. Айни ҳол 1 доллари ИМА 72,72 рубл табодул мешавад, ки ин пойинтарин қурб аз соли 2016 ба ин тараф аст. Уфти рубли русӣ дар пайи он сар зад, ки Русия ахиран гуфтугӯҳояшро бо Арабистони Саудӣ, роҳбари ОПЕК бекор кард.
Қурби тило ҳам рӯзи 9-уми март 20 дарсад коҳиш ёфтааст.
Уфти нафту тило дар ҳоле сурат мегирад, ки гуруҳи ОПЕК+ (Русияву Қазоқистон ҳам шомили он ҳастанд), ҳафтаи гузашта дар Вена натавонистанд, ки дар мавриди коҳиши истихроҷи нафт, бо ҳадафи нигаҳ доштани арзиши он, ба созиш расад.