Қурби рубл дар пайи коҳиши нархи нафт поин рафт

Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 9-уми март дар пайи қатъи музокироти созмони кишварҳои содиркунанди нафт -- ОПЕК бо Русия дар масъалаи коҳиши истихроҷи нафт, қурби рубл 5 дарсад поин рафт, ба 72 рублу 72 танга дар муқобили 1 доллар баробар шуд.

Ҳамзамон бо он нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ 9-уми март 20 дарсад зиёд гардид. Ҳамакнун дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи доллар ва евро боло рафтааст. Тибқи охирин гузоришҳо, нархи як бушка нафт якбора 14 доллар поин рафт ва дар ҳоли ҳозир 31 доллар мебошад. Аз аввалҳои соли 2016 ба ин тараф, ин поинтарин нишондод ба шумор меравад.

Поин рафтани қурби рубл метавонад ба ҷайби муҳоқирони тоҷик дар Русия низ зарба бизанад. Садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд ва бо қурби миллии ин кишвар маош дарёфт мекунанд.