Дар Алмато ҳамоиши занон баргузор шуд

Ҳамоиши занон дар Алмато, 8 март, 2020.

Рӯзи якшанбеи 8 март дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҳамоиши ҳимоят аз занон баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш наздики 200 кас ширкат кард. Иқдоми мазкурро феминистҳои Қазоқистон ташкил карданд.

Ширкатдорони ҳамоиш хотираи занонеро гиромӣ доштанд, ки дар пайи хушунат кушта шудаанд. Занон аз мақомот хостанд, мардонеро пеш аз муҳлат аз зиндон озод накунанд, ки дар хушунатҳои ҷинсӣ даст доранд. Занон ҳамчунин барои хушунат ҷазои сахттар талаб карданд.

Ширкатдорони ҳамоиш шиорҳое амсоли "Духтарон мол нестанд", "Мезанад - яъне зиндонӣ мешавад", "Имрӯз гул - фардо ҷисми афгор", "Нест бод мардсолорӣ", "Ҳамаи одамон - ҳамшира ҳастанд" дар даст доштанд.

"Дар Қазоқистон ҳамасола наздики 400 зан аз сӯи шавҳарон ва ё дигар ақрабо кушта мешавад. Имрӯз мо мехоҳем, таваҷҷуҳро ба сарнавишти ин гуна занон ҷалб созем",-гуфт Гулзода Сержан, яке аз ташкилкунандагони ҳамоиш.

Ширкатдорони ҳамоиш дар кӯчаҳои Алмато роҳпаймоӣ карданд ва кормандони пулис аз онҳо хостанд, ки пароканда шаванд, зеро иқдом бе иҷозат роҳандозӣ шудааст. Аммо занон ба роҳпаймоӣ давом доданд.