Даргузашти як духтари 12-сола аз саратон пас аз муолиҷа аз сӯи як "табиби мардумӣ"

Акс аз бойгонӣ.

Дар Қарақалпоқистон як духтари 12-солаи мубтало ба саратони хун 5 март баъди табобати табиби мардумӣ Рашид Картбоев, маъруф ба "Рашид табиб" ба ҳалокат расидааст. Волидони духтар мегӯянд, Картбоев тавсия додааст, ки табобати кимиёиро қатъ карда, танҳо аз хокаи пари паранда истифода баранд.

Дар Вазорати тандурустии Қарақалпоқистон гуфтанд, назорати фаъолияти табиби мардумие, ки иҷозатномаи лозимиро надошт, ба салоҳияти ин ниҳод шомил намешавад.

Ҳамсуҳбатони мо аз Қарақалпоқистон, ки ба Рашид Картбоев муроҷиат кардаанд, мегӯянд, ӯ ба ҳамаи навъи беморӣ ду чиз - хокаи устухон ва пари паранда тавсия медиҳад. 100 грамм хокаи устухон аз 85 ҳазор (8 доллар) то 350 000 сӯм (36 доллар) арзиш дорад.

"Онҳо аз партовҳо устухону пари парандаро гирифта, хокаашонро ба муроҷиаткунандагон мефурӯшанд. Гӯё орди ин ду чиз ба ҳамаи дардҳо даво будааст", - гуфт як сокини Қарақалпоқистон бо номи Батир.

Муовини вазири тандурустии Қарақалпоқистон дар умури ташкили ёрии тиббӣ ба модарону кӯдакон Гавҳар Абдусамадов тасдиқ кард, ки модари духтари 12-сола табобати кимиёии фарзандашро қатъ карда, истифодаи орди пари парандаро оғоз карда буд.

"Табибон борҳо ба хонаи ӯ рафта, ҳушдор доданд, ки ҳатто қатъи якрӯзаи табобати кимиёӣ метавонад оқибати фоҷеабор дошта бошад, вале он зан ба табиби мардумӣ бовар кард",-изҳор дошт Абдусамадова.

Ёдрас мешавем, пештар президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур дода буд, ки дар кишвараш фаъолияти табибони мардумӣ таҳти назорат гирифта шавад. Бар асоси дастури Мирзиёев, табибони мардумӣ танҳо баъди дарёфти иҷозатнома ҳаққи фаъолиятро доранд.