Туркия ҳушдор додааст, ки талоши вуруди паноҳҷӯён ба Юнон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо афзоиш хоҳад ёфт.
Сойлу Сулаймон, вазири корҳои дохилии Туркия гуфт, ки ҳоло оғози кор аст ва бо бад шудани вазъияти амниятии Сурия селаи паноҳҷӯён ба самти Аврупо ҳаракат хоҳанд кард.
Ӯ гуфтааст, ки садҳо ҳазор паноҳҷӯ дар чанд рӯзи охир вориди Юнон шудааст, аммо коршиносон ин оморро муболиға медонанд.
Юнон пойфишорӣ дорад, ки ба вуруди паноҳҷӯён аз Туркия иҷозат намедиҳад.
Туркия даҳ рӯз пеш марзҳояшро ба рӯйи паноҳҷӯён боз кард ва гуфт, ки имкони нигаҳдории онҳоро надорад.
Мақомоти Туркия мегӯянд, Иттиҳоди Аврупо ба ваъдаҳояш барои кӯмак ба Туркия барои нигаҳбонии паноҳҷӯён вафо накардааст.
Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ба Туркия кӯмак мекунад.
Пас аз оғози ҷанг дар Сурия садҳо ҳазор паноҳҷӯ вориди хоки Туркия шуд. Иттиҳоди Аврупо ба хотири наомадани онҳо ба кишварҳои Аврупоӣ ба Туркия ваъдаи кӯмак кард, то пеши роҳи паноҳҷӯёнро бигирад.