Тирборони ду деҳаи Дарвоз аз он сӯи Ому. ВИДЕО

Шаби 6 ва 7-уми март аз самти Афғонистон ба ду деҳаи Дарвози Тоҷикистон тирпарронӣ сурат гирифтааст

Ду деҳаи Дарвози Тоҷикистон шаби 6 ва 7-уми март аз самти Афғонистон тирборон шудаанд.

Гулулаҳо ба манзили зисти ду сокини деҳаи Рузвай ва мактаби деҳ афтодаанд, вале деҳаи Зингроғ осеб надидааст.

Мақомот мегӯянд, зоҳиран тирборони ду деҳа барқасдона набуд ва тиру гулулаҳо ҳангоми задухурди нерӯҳои ҳукумати Афғонистон бо гуруҳи Толибон тасодуфан ба самти Тоҷикистон парронида шудаанд.

Саидмурод, як сокини ноҳияи Дарвоз рӯзи 8-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор моҳи ахир чунин тирпаррониҳо такрор мешаванд, вале тирпарронии шаби гузашта то рӯз давом кардааст.

“Шукри Худо зарари моливу ҷонӣ нарасид. Гулула ба ҳавлии сокини деҳа-Ташрипов ва дар боғи Муҳаббатов афтодааст. Як тирезаи мактаби деҳа шикоф шудааст”,--гуфт ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тирборони ду деҳаи Дарвоз аз самти Афғонистон

Мақомоти ноҳияи Дарвоз мегӯянд, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зери назорат аст ва ҳеҷ талоши убури сарҳад сабт нашудааст.

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тирҳо эҳтимолан тасодуфӣ ба хоки Тоҷикистон ворид шудаанд.

“Занозанӣ миёни худашон ҳаст ва баъзан ягон тир ба ин тараф мегузарад. Хушбахтона касе зарар надидааст. Задухурд миёни Толибон ва ҳукуматиҳо ҳаст. Марзи мо ҳама тинҷу оромӣ ҳаст”,--гуфт ӯ.

Рӯзи 29-уми феврал Амрико бо гурӯҳи Толибон дар мавриди сулҳ дар Афғонистон созишнома имзо карданд. Бар асоси ин созишнома Толибон бояд оташбасро риоя кунанд, вале аз Афғонистон хабар мерасад, ки ҳанӯз задухурди ин гурӯҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ қатъ нашудааст.

Бар асоси иттилои расмӣ бештар аз 200 километри марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар дасти Толибон қарор дорад. Задухӯрдҳо дар хоки Афғонистон дар навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон низ шунида мешавад.

Кароматуллоҳ, сокини дигари ноҳияи Дарвоз мегӯяд, тирпаррониҳо дар миёни сокинон нороҳатӣ ва тарсро ба вуҷуд меорад.

“На одоби сулҳ доранд, на одоби ҷанг. Кадом гуруҳеашро зур омад, тарафи марзи мо ақибнишинӣ мекунанд. Зарар нарасидааст, вале бояд ҷангро аз марзи мо дуртар кунанд”,--гуфт ӯ.

Дар гузашта дар ноҳияи Фархор низ ҳолати афтодани гулула аз он сӯи марз сабт шуда буд. Аксаран тирпаррониҳо дар он сӯи марз шабона сурат мегирад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи душворназорат дорад. Дар ин кишвар беш аз 40 сол боз ҷанг идома дорад ва аксари гуфтугуҳо барои сулҳ ноком будаанд.