Ҳангомаи захираи орд ба поён расид, ВКД "гунаҳкорон"-ро меҷӯяд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Баъди ду рӯзи кашмакаш дар навбати орд дар бозорҳои Тоҷикистон, рӯзи 6-уми март дар бозору дӯконҳои Душанбе нишоне аз воҳима ва навбати дароз намонда буд. Баръакс, тоҷирон бо мошину дӯконҳои пур аз орд мунтазири харидор меистоданд.

Нусратуллоҳ Раҳматшоев, як масъули бозори "Саховат"-и Душанбе, рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳангомаи захираи орд рӯзе аз ҳашт то даҳ тонна орд мефурӯхтанд, аммо рӯзи 4-уми март якбора фурӯшаш аз 100 тонна гузаштааст: "Рӯзи 4-уми март бо афзоиши муштариён ин рақам ба 110 ва як рӯз пас ба 188 тонна расид".

Раҳматшоев мегӯяд, рӯзи ҷумъа ба бозор 150 тонна орд оварданд, вале харидор тақрибан нест. Дар ин бозор нархи як халта орд аз 185 то 190 сомонӣ таъин шудааст.

Ин дар ҳолест, ки давоми ду рӯзи ахир сокинон мегуфтанд, як халтаи ордро бо қимати аз 240 сомонӣ боло ва ба душворӣ дастрас менамуданд.

Бархе аз сокинон аз тарси камчинии орду баста шудани бозорҳо ин навъи маҳсулотро, ки серитеъмолтарин барои тоҷикон ба ҳисоб меравад, барои чанд моҳи дигар захира кардаанд.

Рӯзи 4-уми март дар пайи овозаҳо дар робита ба эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, сокинон дар минтақаҳои гуногун ба бозорҳо рехтанд ва маводи хӯроквориро ба миқдори зиёд хариданд. Дар пайи ин, нархи маҳсулот, аз ҷумла орд дар бозорҳо боло рафт.

Рӯзи 6-уми март бархе аз тоҷирон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, савдои зиёде, ки дар рӯзҳои ахир доштанд, метавонад дар рӯзҳои баъдӣ боис ба поин шудани нархи орд гардад. Зеро, ба қавли онҳо, бо таваҷҷӯҳ ба захираи зиёде, ки мардум кард, акнун талабот ба орд кам мешавад.

Бо хатми ҳангомаи хариди орду муътадил шудани нархи он, баъзе сокиноне, ки чандмоҳа ниёзи худро бо нархи гарон захира кардаанд, то ҷое изҳори пушаймонӣ низ намуданд. Шаҳло Раҷабова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, хабари басташавии бозору гаронии нархҳоро аз ҳамсояҳояш шунида, панҷ халта орд захира намуд.

"Имрӯз дидем, ки бо нархи арзонтар дар чанд ҷо орд ҳаст. Пурсидем, гуфтанд, ки мошин-мошин орд овардаанд ва бозорҳо баста намешавад", -- афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақомот нархро зери назорат гирифтанд, ҳангомаи хариди орд идома дорад.ВИДЕО

Зокир Оев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, баъзе аз наздиконаш аз ӯ хоста буданд, орд захира кунад, аммо ӯ шитоб накард ва ба гуфтаи худаш зоҳиран бурд намуд.

Таҷаммӯи зиёди сокинон дар ду рӯзи пеш дар назди фурӯшгоҳҳо мақомотро водор сохт, ки захираҳои худро ба намоиш гузоранд ва мардумро ба “бовар накардан ба ҳангомаҳо” даъват намоянд. Ба дунболи чунин ҳолат назорати кормандони мақомоти интизомию масъулони бозорҳо назди тоҷирон зиёд ба назар мерасид.

Баъди шитоби мардум ба бозорҳо барои хариди орд, Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам гуфт, сару садои беасос дар бораи сирояти вируси нав ба кишвар сабаби тарси мардум шудааст.

Ниҳодҳои давлатӣ ба миён омадани чунин вазъро “кори баъзе афроди манфиатдор” номиданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми март дар сомонаи расмияш гуфт, "дар ҳақиқат хабарҳои пахшнамудаи баъзе гурӯҳҳо вобаста ба короновирус ягон асос надорад ва вазорат қатъиян тамоми чораҳоро барои муайян ва дастгир намудани чунин ашхос дида истодааст."

Аммо бархе аз огоҳон ангушти ишора сӯи ниҳодҳои давлатӣ карданд, ки бо роҳандозии чораҳои пешгирӣ аз коронавирус, корҳои фаҳмондадиҳиро бо шеваи дуруст ба роҳ намонданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!