Трамп Толибони силоҳбадастро “ҷангҷӯ” номид

Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп Толибони силоҳбадастро "ҷангҷӯ" номид ва афзуд, роҳбари ин гуруҳи ифротӣ вазифаи мушкиле дар пеш дорад. Яъне, ӯ бояд ҷанговаронро ба хатми ҳамлаҳои хушунатбор водор кунад.

Рӯзи 5-уми март ҳангоми суҳбат бо телевизиони “Фокс нюс” Трамп гуфт, “онҳо ҷанговар ё разманда ҳастанд ва ҳазор сол инҷониб бо ин кор машғул мебошанд”.

Ӯ зоҳиран бо ишора ба яке аз асосгузорони ҷунбиши Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки роҳбари бахши сиёсии ин ҷунбиши ҷангҷӯй мебошад, гуфт, “вазифае, ки ӯ дар мақоми раҳбарӣ дорад, осон нест”.

Трамп афзуд, Афғонистон аз қабилаҳои зиёде иборат аст ва Толибон дар назорати ҳамаи онҳо мушкил доранд.

Рӯзи 3-юми март Трамп гуфта буд, ӯ бо роҳбари Толибон суҳбати хубе доштааст.