Насрулло Маҳмудзода дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд

Насрулло Маҳмудзода, дабири нави Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки аз феҳрасти ҳизби халқии демократӣ вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шудааст, рӯзи 6-уми март аз мансабаш озод гардид.

Ба ҷойи ӯ Насруллоҳ Маҳмудзодаро дабири нави Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин карданд. Маҳмудзода то ин дам дар мансаби додситони вилояти Хатлон кор мекард.

Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамагӣ як сол пеш, 4-уми марти 2019, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шуд. Вай аз ин қабл мушовири раисҷумҳур ва намояндаи ӯ дар порлумони Тоҷикистон буд.

Шӯрои амният дар низоми давлатдории Тоҷикистон ниҳоде аст, ки фаъолиятҳои ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг мекунад ва дар раъси он худи президент қарор дорад. Дабир ё котиби Шӯрои амният дар ин ниҳод шахси калидӣ ба шумор меравад.

Аз ин қабл дар мақоми котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генералҳо Абдураҳим Қаҳҳоров ва Амирқул Азимов кор кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 6-уми март раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мурзобой Чошбоев "бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан", аз вазифа озод шудааст. Ҳоло муовини ӯ Ҳусния Раҷабзодаро раиси ноҳия таъин кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат Абдураҳмон Абдураҳмонзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Хисрав Бобозода муовини вазири дифоъ, Ҳафиз Азиззода сардори Донишкадаи ҳарбии вазорати дифоъ ва Умеда Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шуданд.

Дар сохторҳои интизомии кишвар ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Ҳамасола дар остона ва баъд аз ҷаласаи солонаи ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Мунтақидон аксаран чунин тағйиротро танқид мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна ва содиқ ба ҳукумат иборат аст.