Хавер Перес де Куэляр, дабири кулли пешини СММ ва вазири пешини Перу дар 101-солагӣ вафот кард. Писари вай дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод, ки "падараш баъди чанд ҳафтаи ҳолати вазнин вафот кардааст".
Де Куэляр дар соли 1940 фаъолияташро аз вазорати корҳои хориҷии Перу шуруъ ва дар нахустин ҷаласаи СММ ширкат кардааст. Дар солҳои гуногуне сафири кишвараш дар Швейтсария, Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва Лаҳистону Венесуэла буд.
Соли 1975 намояндаи махсуси дабири кулли СММ дар Қибрис таъйин шуд. Вай танзими вазъи нимҷазираро баъди ишғол шудан аз сӯи артиши Туркия назорат мекард. Як давра муовини дабири кулли СММ дар умури масоили сиёсӣ буд. Соли 1981 намояндаи СММ дар умури Афғонистон таъйин шуд.
Соли 1982 дабири кулли СММ интихоб ва то соли 1991 дар ин мақом боқӣ монд. Вай дар ин мақом аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА даъват карда буд, ки дар доираи Шӯрои амнияти СММ фаъолона ҳамкорӣ кунанд.