Андиҷонро аз ҳисоби "буҷавиҳо" сабз мегардонанд

Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Раҳбарони муассиса ва корхонаҳои ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷонро маҷбур доранд, ки барои сабзгардонии минтақаҳои худ аз 50 то 500-донаӣ дарахти гаронарзиши мевадиҳанда ва ороишӣ харидорӣ кунанд.

Як масъули ҳукумати Асака бо тасдиқи ин хабар гуфт, аз буҷаи давлат барои сабзгардонии ҳудуди ноҳия пул ҷудо шудааст, вале касе ҷуръат намекунад, аз раҳбарияти ноҳия бипурсад, ки ин пулҳо куҷо шуданд.

Мудири яке аз мактабҳои миёнаи Асака мегӯяд, аз ҳукумати ноҳия ба ӯ дастур додаанд, ки аз ҳисоби худ 50 дарахт бихарад. Ба гуфтаи вай, баъзе корхонаҳоро ба харидории то 500 дарахт вазифадор кардаанд.

"Аз 25 феврал дар Андиҷон бо ташаббуси раиси вилоят Шуҳрат Абдураҳмонов маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз шудааст. Дар доираи ин маърака вазифадор шудаам, ки 50 дарахт харам. 1 дарахт 20 ҳазор сӯм аст. Ҳоло маҷбурам, бар ивази 1 миллион сӯм (100 доллар) дарахт харидорӣ кунам",-изҳор дошт мудир.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Асака низ хабари фурӯши иҷбории дарахтҳоро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, на танҳо раҳбарони корхонаву муассисаҳо, балки кормандони ҳукумати ноҳия низ вазифадор шудаанд, ки дарахт бихаранд. "Аз ҷумла, худи маро маҷбур карданд, ки бар ивази 1 млн 200 ҳазор сӯм ($126) дарахт харидорӣ кунам",-илова кард вай.