Идораи осорхонаҳои Вазорати фарҳанги Узбекистон таҳқиқи дуздида шудани расми "Ҷуворимакка ғавғо мекунад"-ро аз осорхонаи вилоятии Фарғона оғоз кард. Ин расмро Ҳунарманди мардумии Узбекистон Александр Волков соли 1932 кашида буд.
Як гуруҳи ҳунармандони узбек миёнаҳои моҳи феврали соли равон ба вазири нави фарҳанги Узбекистон Озодбек Назарбеков муроҷиат карда, изҳори нигаронӣ кардаанд, ки расми "Ҷуворимакка ғавғо мекунад" дар музоядае дар Лондон ба фурӯш гузошта шудааст.
Ба гуфтаи ҳунармандон, ин расм аз осорхонаи вилояти Фарғона дуздида шуда, ба ҷои он ҳоло нусхаи қалбакияш овезон аст.
Ба гуфтаи як корманди ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон, ки нахост номаш ифшо шавад, нусхаи аслии расмро раиси вақти корхонаи коркарди нафти Фарғона Журат Меликулов, ки ҳоло дар зиндон аст, ба духтари президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова туҳфа карда буд.
Гулнора Каримова дар навбати худ расмро ба як шахсияти маъруфи рус дар ҷаҳон тақдим кардааст (Ному насаби ӯ ба Радиои Озодӣ маълум аст). Расм ба ин одам дар як чорабинӣ дар мазҳари ом тақдим шудааст.