Комиссияи СММ: Русия дар ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сурия даст дорад

Нерӯҳои Русия дар Сурия.

Комиссияи мустақили СММ, ки ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сурияро пажуҳиш мекунад, маълумотеро пайдо кард, ки шаҳодат медиҳад, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия даҳҳо сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар додааст. Ба иттилои нашрия, коршиносони СММ бори аввал мустақиман даст доштани низомиёни Русияро дар ҷиноятҳои ҷангӣ собит карданд.

Дар гузориши СММ, ки ба ҳаводиси нимаи дувуми соли 2019 бахшида шудааст, дар бораи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба бозоре дар шаҳри Мааррат-ан-Нуумон хабар медиҳад, ки ҳамлаҳои мазкур 22 июли соли гузашта сурат гирифтаанд. Ҳамчунин аз ҳамлаи дигар ба як манзиле, ки фирориён дар он зиндагӣ мекарданд, иттилоъ дода шудааст.

Дар гузориш омадааст, ба бозор ду маротиба ҳамла шуд, ки дар ҳамлаи дувум имдодгарон ҳадаф қарор гирифтаанд, ки барои наҷот додани маҷруҳони ҳамлаи аввал ба минтақаи ҳамла ҳозир шуда буданд. Дар натиҷаи ҳамла ба бозор 43 кас, аз ҷумла 4 кӯдак кушта шуд. Дар ҳамла ба манзили фирориён 20 кас, аз ҷумла 8 зан ва 4 кӯдак кушта шуд.

"Бо такя ба шоҳидии ҳуҷҷату далелҳо, аз ҷумла шаҳодати шоҳидон, наворҳои видеоӣ, аксҳо, инчунин хабари нозирон, дастрасӣ ба гуфтугӯҳои радиоӣ комисия ба хулосаи қатъӣ расид, ки ҳавопаймоҳои русӣ дар ҳар кадоми ин ҳамлаҳо ширкат доштанд. Дар ҳамла ба минтақаҳои мазкур неруҳои ҳавоии Русия нуқтаи мушаххаси низомиро ҳадаф қарор надодаанд ва ба ин тартиб, ҷинояти ҷангӣ содир кардаанд", - омадааст дар гузориш.

Чарлз Листер, коршинос аз Донишкадаи Шарқи Наздики Вашингтон гузориши СММ-ро "бисёр муҳим" арзёбӣ кард, зеро, ба гуфтаи вай, СММ ба нудрат масъулони чунин ҳамлаҳоро ном мебарад.