Узбекистон парвозҳо ба Афғонистон, Эрон ва Италияро манъ кард

Фурудгоҳи Тошканд. 4 феврал, 2020.

Вазорати нақлиёти Узбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди вируси корона ба кишвар ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон, Эрон ва Италияро расман огаҳ кард, ки сар аз 1-уми марти соли ҷорӣ равуои ҳавоиро бо кишварҳои мазкур муваққатан қатъ мекунад.

Ба шаҳрвандони Узбекистон тавсия шудааст, ки то беҳбуди вазъ аз сафар ба Афғонистон, Эрон ва Италия худдорӣ варзанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ёдовар шудааст, дар сурати зарурат шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ ҳастанд, метавонанд, ба намояндагиҳои дипломатии Узбекистон муроҷиат кунанд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки Узбекистон парвозҳояшро бо Кореяи Ҷанубӣ низ қатъ кардааст.