Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар ҳайати нав рӯзи 17-уми марти имсол даъват карда шавад. Матни фармонро рӯзи 3-уми март, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар вебсайти расмии президенти Тоҷикистон нашр кард. Дар ин ҷаласа баъд аз суханронии раиси ҷумҳур, вакилони мардумӣ раиси нави порлумонро интихоб мекунанд.
Дар интихоботи рӯзи 1-уми март ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот, ҳизби ҳокими Халқии демократӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 50 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда пирӯз шуд. Ба ин тартиб, аз рӯйи феҳрасти ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ҳизб соҳиби 47 курсӣ дар порлумон шудааст. Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон ба қавли раиси Комиссияи марказии интихобот камтар ҳатто як дар сади раъйи мардумро ба даст наовард ва натавонист, садди 5 дарсадиро убур карда ба порлумон роҳ ёбад.
Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизб дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи рӯзи 1-уми мартро, ки ба иддаои ӯ "дар давоми дувоздаҳ соат се бор иваз шуд" ва "раиси КМИР хонда дод", эътироф намекунад. Раҳматилло Зоиров шоми 2-юми март бо нашри изҳороти расмӣ дар Фейсбук гуфт, натиҷаҳои ибтидоии интихобот "пас аз машваратҳои чандсоатӣ" эълон шуд:
"Натиҷаҳои ибтидоии интихобот аз соати дуними шаб то шаши субҳи 2-юми март дигар буд. Аз соати шашуними субҳ то 11-и рӯзи душанбе тағйир ёфт. Дар ниҳоят, соати 15, пеш аз эълони натиҷаҳо дигар шуд." Вале дар бораи рақамҳо ҷузъиёт надодааст. Раҳматилло Зоиров мегӯяд, "натиҷаҳое, ки аз тарафи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот хонда шуд, ғайриҳуқуқӣ ва тасмими сиёсиву тақаллубӣ аст".
Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи дуввуми март гуфтанд, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нирӯи мухолиф дар интихоботи порлумонӣ, 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овард ва натавонист ба Маҷлиси Намояндагон роҳ ёбад.