Муҳофизи собиқ дар Филиппин даҳҳо касро гаравгон гирифт

Филиппин. Акс аз бойгонӣ.

Дар Филиппин муҳофизи аз кор маҳрумшуда даҳҳо касро дар як маркази тиҷорӣ гаравгон гирифт. Дар ин бора расонаҳои байналмилалӣ хабар медиҳанд. Пулис ва неруҳои вижа дар ҳоли ҳозир амалиёти махсусро шуруъ карданд.

Муҳофизи аз кор маҳрумшуда ҳадди ақал як касро захмӣ ва наздики 30 тани дигарро гаравгон гирифтааст.

Баъди шунидани садои тир муштариҳои тарсхӯрда аз маркази тиҷорӣ фирор карданд. Пулис биноро ба муҳосира гирифта, даҳҳо корманди неруи вижа вориди бино шудааст.

Фрэнсис Самора, раиси шаҳри Сан-Хуан гуфт, бо гаравгонгир гуфтугӯ шуруъ шудааст. Вай ҳанӯз гаравгонҳоро раҳо накардааст, аммо муштариҳои дигар аз бино берун оварда шудаанд. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, як кас захмӣ ва бистарӣ шуд.

"Гумонбар - муҳофизи пешини маркази тиҷорӣ Арчӣ Парай аст", менависанд расонаҳо. Вай бо туфангча мусаллаҳ буда, мегӯяд, норинҷак дорад. Чанде пеш вай аз кор маҳрум шуд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки муҳофизи пешин чӣ шартҳо ва талабот дорад.