Қазоқистон ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус аз 1-уми март парвози ҳавопаймоҳоро ба Эрон пурра манъ карда, бо Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон коҳиш дод. Дар ин бора муовини сарвазири Қирғизистон Ералӣ Тугжанов хабар медиҳад.
"Парвозҳо ба Озарбойҷон аз 15 то ба 3 маротиба дар як ҳафта кам карда шуданд. Ин иқдом ба хотири он гирифта шуд, ки шаҳрвандони Эрон тавассути Боку ба Қазоқистон меомаданд ё баръакс, шаҳрвандони Озарбойҷон ба Эрон мерафтанд",-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Тугжанов, парвози ҳавопаймоҳо аз Қазоқистон ба Ҷопон низ аз 9 то ба 3 бор дар як ҳафта коҳиш дода шуданд. Қарор аст, парвозҳо миёни Нурсултон ва Токио аз 5 март то ба ду маротиба кам карда шавад.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Эрон, дар давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 385 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҷамъан дар Эрон 978 кас ба ин вирус мубтало гаштаанд.
Дар маҷмуъ, дар саросари дунё то 2 март беш аз 89 ҳазор одам ва аз аввали ошкоршавии вирус дар моҳи декабри соли 2019 то ба ҳол 3 ҳазору 46 кас қурбони вируси нав шудаанд. 45 ҳазору 113 каси дигар шифо ёфтааст.