СҲШ интихоботи Тоҷикистонро "демократӣ" гуфт, САҲА назарашро баъди 8 ҳафта мегӯяд

Нозирони байналмилалӣ дар яке аз қитъаҳои интихоботии шаҳри Бохтар. 1-уми март, 2020.

Дар ҳоле, ки натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳанӯз эълон нашудааст, ҳайати нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай онро "шаффоф ва демократӣ" хонданд. Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то ба ҳол арзёбиҳояшонро эълон накардаанд. Ҳайати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, ки хулосаҳои худро то 8 ҳафтаи дигар дар як гузориши муфассал эълон мекунанд.

Интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистонро беш аз 236 нозири байналмилӣ аз Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе назорат карданд.

Нурлан Аккошкаров, раҳбари ҳайати нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 2-юми март зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки нозирони онҳо қонуншиканиҳои ҷиддиро мушоҳида накарданд, ки қонунияти интихоботро зери шубҳа барад. Ӯ афзуд: "Интихобот мутобиқ ба қонунҳои дохилии интихобот ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишварсурат гирифт".

Дар ҳамин ҳол, Эберхард Пол, раҳбари ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, раҳбари миссияи нозирони САҲА ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назар нест, ки дар рӯзҳои аввали баъд аз интихобот, мавқеи худро дар бораи ин маърака рӯшан кунанд. Ӯ афзуд, ки танҳо баъд аз шашт то ҳашт ҳафта дар шакли гузориши комили хулосаҳои худро пешниҳод мекунанд. Феълан ӯ аз ироаи ҳар гуна маълумоти дигар худдорӣ кард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар гузашта ҳеҷ яке аз интихоботҳои порлумонӣ ва президентии Тоҷикистонро мутобиқи меъёрҳои демократӣ, эътироф накардааст. Аммо Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамвора аз он истиқбол карда ва онҳоро шаффоф хондааст.

Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон рақобат барои 63 курсӣ байни беш аз 240 номзад сурат гирифт. Чанд рӯз қабл Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсӣ эълон кард, ки барои ҳамаи номзадҳо шароити баробару мусоиди таблиғотӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо ба андешаи бархе аз таҳлилгарон, дар ин интихобот ҳам мисли маъракаҳои қаблӣ фазои серрақобату гарми интихоботӣ эҳсос намешуд.