Трамп гуфт, ки Вашингтон аз Туркия пуштибонӣ мекунад

Доналд Трамп ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Кохи Сафед. Акс аз 13-уми ноябри соли 2019

Доналд Трамп, президенти Амрико, дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба пуштибонии Вашингтон аз Анқара таъкид кардааст.

Кохи Сафед 28-уми феврал дар баёнияе гуфт, Трамп дар ин тамоси телефонӣ аз Сурия ва Русияву Эрон хост, ки ҳуҷумҳоро ба вилояти Идлиб дар шимолу ғарби Сурия бас кунанд.

Трамп ва Эрдуғон пас аз он суҳбат карданд, ки рӯзи панҷшанбе дар ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои ҳукуматии Сурия дар Илдиб, 33 сарбози Туркия кушта шуд. Нерӯҳои ҳукуматии Сурия аз пуштибонии Русия бархӯрдоранд.

Кохи Сафед мегӯяд, президент Трамп ба пуштибониаш аз талошҳои Туркия барои кам кардани таниш дар шимолу ғарби Сурия ва пешгирӣ аз фоҷиаи инсонӣ таъкид кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Туркия ҳам дар баёнияи ҷудогона эълон кард, ки раҳбарони ду кишвар барои ҷилавгирӣ аз фоҷиаи башарӣ дар Идлиб тавофуқ намуданд.

Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео дар баёнияе рӯзи 28-уми феврал гуфт, "дар пайи ҳамлаи густохонаи 27-уми феврал ба нерӯҳои Туркия дар Идлиб, дар канори муттаҳиди мо дар НАТО меистем". Вай афзуд, "иқдомҳои режими Асад, Русия ва Эрону Ҳизбуллоҳ монеи барқарории оташбас дар шимоли Сурия мешаванд".

Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар авҷи танишҳо пас аз кушта шудани 33 сарбози Туркия дар ҳамлаҳои ҳавоии ҳавоии нирӯҳои Сурия, зери ҳимояти Маскав, бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кардааст. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин , гуфт, қарор аст, Эрдуғон ҳафтаи оянда барои мулоқот ба Маскав сафар кунад.