Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтааст, вазири умури хориҷии ин кишвар Майк Помпеоро барои иштирок дар маросими имзои созишномаи Иёлоти Муттаҳида ва Толибон ба Доҳа мефиристад.
Интизор меравад, созишнома рӯзи 29-уми феврал имзо шавад.
Трамп рӯзи 28-уми феврал дар баёнияе аз Толибон ва ҳукумати Афғонистон хост, ки аз ин фурсат барои сулҳ истифода кунанд. Ба гуфтаи вай, агар онҳо уҳдадориҳои худро ба ҷо оранд, роҳ барои поёни ҷанг дар Афғонистон ёфт хоҳад шуд.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, ҳар мувофиқатнома, ки бо Толибон имзо мешавад, шартӣ хоҳад буд. Дар иттилоияи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба нақл аз Ғанӣ омадааст, ин кишвар дар ҳар марҳилаи гуфтугӯ бо Толибон шартҳои худро дорад ва агар Толибон аз ҷанг даст кашанд, шартҳо тағйир хоҳад кард.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин бора ҷузъиёт надодааст.
Толибон то ҳол ҳаргиз бо ҳукумати Афғонистон гуфтугӯ накардаанд. Қарор аст, музокира миёни ду тараф дар 10-уми марти имсол оғоз шавад.
Оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ бахше аз тавофуқи Амрико ва Толибон хонда мешавад.