Ҷовидон Бобоҷоновро барои саркашӣ аз хидмат муҳокима мекунанд

Ҷовидон Бобоҷонов. Акс аз пойгоҳи "Форум 18"

Додгоҳи ҳарбии Душанбе дар аввали моҳи марти имсол парвандаи Ҷовидон Бобоҷонови 19-соларо баррасӣ хоҳад кард, ки бинобар боварҳои диниаш хизмати ҳарбиро рад мекунад.

Бобоҷонов ба "саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ" (қисми дуи моддаи 376-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст ва ба ӯ аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид дорад.

Пойгоҳи "Форум 18" рӯзи 26-уми феврал навишт, Ҷовидон Бобоҷонов пайрави созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” аст. Пайравони ин созмони насронӣ аз рӯи ақидаҳои мазҳабӣ наметавонанд либоси ҳарбӣ пӯшанд ва ба даст силоҳ гиранд. Аммо онҳо моиланд, ки ба ҷойи он хидмати ғайринизомӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ ҳаст ва ба ҳеч гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад. Танҳо ба афроди маъюб, писари ягона дар оила ва омӯзгорони деҳот муваққатан барои ҷалб нашудан ба Артиш қонунгузорӣ имтиёз додааст.

Дар созмони "Шоҳидони Яҳво" рӯзи 25-уми феврал ба "Форум 18" гуфтаанд, Ҷовидон Бобоҷонов 4-уми октябри соли 2019 ба зӯр ё тариқи "облава" аз манзилаш "рабуда” ва ба як қисми ҳарбӣ дар ноҳиияи Рӯдакӣ бурда шуд. Баъдан, вақте ки ӯ ба даст гирифтани силоҳро рад кардааст, ба боздоштгоҳе дар Душанбе интиқол додаанд.

Намояндагони созмони “Шоҳидони Яҳво” мегӯянд, ӯ ҳоло аз назари рӯҳӣ ва ҷисмӣ дар ҳолати афсурдагӣ қарор дорад.

Муфаттиш Меҳрубон Иброҳимзода аз дафтари Додситонии ҳарбии Душанбе ба “Форум 18” гуфтааст, Вазорати дифоъ ба Ҷовидон Бобоҷонов пешниҳод кард, то дар баталйони махсус, ки дар онҷо силоҳ намегиранд ва ба корҳои сохтмонӣ машғуланд, хизмат кунад, аммо ӯ напазируфтааст.

Соли 2018 додгоҳе дар Тоҷикистон Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро бо гуноҳи саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум карда буд.

Баҳси пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво" дар ҳолест, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Ин созмон соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолияташро қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта шуд. Фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнӯъ эълон шуд ва сипас аз тарафи додгоҳ тасдиқ шуд.