Иҷозатномаи кори оҷонси шуғли "Консорт хусусий бандлик агентлигӣ" дар Узбекистон муваққатан бекор карда шуд. Дар ин бора вазорати меҳнати Узбекистон хабар медиҳад.
Тасмими бекор кардани фаъолияти оҷонси мазкур баъди шикоятҳои бешумори сокинон гирифта шуд.
Дар ҳоли ҳозир иҷозатномаи фаъолияти оҷонс барои 10 рӯз бекор шудааст. Дар ин муддат ширкат бояд шикояти сокинонро қонеъ кунад.
Мақомоти Узбекистон ширкатро вазифадор кардаанд, ки ҳамаи муштариҳояшро давоми 10 рӯз ба хориҷ ба кор фиристад ё маблағи пардохтаашонро баргардонад.
Муштариҳо гуфтанд, ширкати мазкур бо ваъдаи кор дар Ҷопон аз онҳо 2000 долларӣ гирифта, аммо аз моҳи декабри соли 2019 то кунун на ба хориҷ фиристода шудаанд ва на маблағи пардохтаашонро баргардонидаанд.
Дар Узбекистон шумори оҷонсҳои шуғле, ки ба додгоҳ кашида мешаванд, дар моҳҳои ахир меафзояд.
Пештар аз ин сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов гуфта буд, ки ба ҳукумат пешниҳод мекунад, тамоми оҷонсҳои мустақили шуғл дар кишвараш баста шаванд.