Қирғизистон гуфт, имкони баргардонидани шаҳрвандонашро аз Сурия надорад

Паноҳгоҳи беҷошудагон дар Сурия.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо нашри як изҳорот гуфт, ташаннуҷи авзоъ дар Сурия дар ҳоли ҳозир имкон намедиҳад, ки дар робита ба баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар амалиёте анҷом дода шавад.

Аммо ин ниҳод афзудааст, ки "масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Қирғизистон ва кӯдакони ноболиғи онҳо, ки дар минтақаҳои зери идораи гуруҳҳои террористӣ ва амалиётҳои низомӣ дар Сурия қарор доранд, таҳти назорати доимии ҳукумат аст".

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013 ва 2014 ҳудуди 800 қирғизистонӣ ба гуруҳҳои тундрав дар Сурия пайвастаанд, ки тақрибан 150 тани онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 нафари онҳо аллакай кушта шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, дар урдугоҳҳои воқеъ дар минтақаҳои даргири Ироқ 78 кӯдаки қирғизе қарор доранд, ки модаронашон дар зиндонанд.