Субҳи панҷшанбеи 27-уми феврал дар бинои маҷмааи "Шарқи Озод" маъруф ба ГЖК, сӯхтор сар зад. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сӯхтор соатҳои тақрибан 10:30 дар ошёнаи 11-уми ин бино сар задааст. Дар ин ошёна утоқҳои кории нашрияҳои "Тоҷикистон" ва "Оила", ҷойгир ҳастанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз асбоби гармидаҳанда сар задааст. Гуфта мешавад, ки дар ин сӯхтор ҳеҷ кас осеб надидааст. Барои хомуш кардани аланга дар ин бино беш аз 10 мошини сӯхторхомушкунӣ сафарбар шудаанд. Мақомот то кунун ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Бинои "Шарқи Озод" дар шафати кӯчаи Саъди Шерозии пойтахт воқеъ буда, коргоҳи аксари расонаҳои Тоҷикистон дар он ҷой гирифтаанд. Ин маҷмаа соҳиби чопхона низ ҳаст. "Шарқи Озод" муассисаи давлатӣ буда, тобеи Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷкистон мебошад.