Шумораи гирифторон ба бемории қанд дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Яке аз бемористонҳои Душанбе.

Дар Тоҷикистон шумораи занони гирифтори бемории қанд аз мардҳо бештар шудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мизони ин беморӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мақомот мегӯянд, агар дар соли 2018 теъдоди гирифторони ин беморӣ беш аз 44 ҳазор нафар буд, соли 2019 ба 46 ҳазору 258 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имрӯз, чаҳоршанбеи 26-уми феврал дар Душанбе бо пуштибонии Оҷонсии ҳамкории Туркия (ТИКА) як маркази муосири биабети қанд ифтитоҳ шуд. Ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ, бемороне, ки аз ҳама минтақаҳои кишвар меоянд, дар ин марказ ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир 876 кӯдак ва навраси то 18-солаи гирифтори бемории қанд дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Тоҷикистон қаблан ҷиҳати коҳиш додани шумораи гирифторони диабети қанд барномаеро барои солҳои 2012 ва 2017 рӯи даст гирифта буд.

Гуфта мешавад дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 77 ҳазору 410 колбуди инсулин захира карда шудааст.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун, дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ қисман ройгон аст, аммо дар аксари ҳолатҳо мардум мегӯянд, дар асл барои ҳамаи муолиҷа, чӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ пул мепардозанд.