Амрико ба Ҳинд дар ивази 3 миллиард доллар чархбол ва дигар техникаи низомӣ мефурӯшад. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳинд президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод. Вай афзуд, ду кишвар ҳамкориҳояшонро дар бахши амният ва амнияти киберӣ густариш медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки оғози моҳи феврал Русия хабар дода буд, барои Ҳинд маҷмаи зидди мушакии С-400 истеҳсол мекунад. Шартномаи бештар аз 5 миллиарддолларӣ охири соли 2018 имзо шуда буд. Вашингтон он замон гуфт, мумкин аст, зидди Деҳлӣ ба далели хариди аслиҳаи русӣ таҳрим ҷорӣ шавад. Аммо то кунун аз таҳримҳо хабаре нест.
Дар нишасти хабарии Деҳлӣ Трамп гуфт, Ҳинду ИМА барои бастани созишномаҳои бузурги тиҷорӣ талош доранд. Ба гуфтаи президенти ИМА, имзои созишнома то охири сол дар назар аст.
Манобеи расмӣ гуфтанд, ду кишвар ҳамкорӣ дар бахши нафтро имзо кардаанд. Москва ҳам гуфтааст, омода аст, ба Ҳинд нафт ирсол кунад.
Сафари Доналд Трамп ба Ҳинд ду рӯз давом кард. Ин нахустин сафари Трамп ба Ҳинд ва дар панҷ соли охир нахустин сафари президенти ИМА ба ин кишвар аст.