Содироти нерӯи барқи Туркманистон ба Узбекистон ба иллати садама дар хатти баландшиддати интиқолӣ 13 маротиба кам шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии "Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон" рӯзи 21-уми феврал хабар дод.
Садама субҳи 21-уми феврал дар хатти интиқолие рух додааст, ки маркази барқу гармидиҳии Марӣ ва истгоҳи "Сардор"-ро ба ҳам мепайвандад. Ба Узбекистон низ аз истгоҳи "Сардор" барқ интиқол меёбад. Дар натиҷа содироти барқ ба Узбекистон аз 780 МВт то ба 60 МВт коҳиш ёфтааст.
"Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон" 22-юми феврал хабар дод, ки мутахассисони туркман оқибатҳои садамаро дар хатти баландшиддат бартараф кардаанд. Содироти барқ аз Туркманистон ба Узбекистон рӯзҳои наздик дубора ба ҳаҷми пешин бармегардад.
Расонаҳои расмии Туркманистон дар бораи ин садама хабар надодаанд ва таъсири он ба сокинони худи Туркманистон низ маълум нест.